Таҳкими амнияти миллӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ
Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни
авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти
босуръати он торафт вусъат гирифтани
низоъҳои байни давлативу байнимазҳабӣ ва
авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ
ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти
давлату миллат барои мо масъалаи аввалин
дараҷа ва ҳаётан мўҳим ба шумор меравад.
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо тавсифи воқеии авзои кунунии ҷаҳон, чигунагии хусусияти пайомадҳои муосир, тарзи шаклпазирӣ ва сатҳи таъсиррасонии онҳо оғоз ёфтани Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи мантиқии худро дошта, дар маркази меҳвари мушкилоти ҷаҳонӣ ҷой доштани масоили марбут ба амниятро тасдиқ менамояд. Мусаллам аст, ки тавлиду рушд ва пояндагию густариши дилхоҳ падидаҳои муҳими рўзгори инсон ба сатҳи таъмин гардидани амният вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо ибораи дигар, бавуҷудоӣ, устуворӣ ва такмилу густариши дилхоҳ самти фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танҳо дар заминаи воқеии таъмин будани амният шакл пазируфта, муҳимият ва тобиши мантиқии инсондўстиро касб менамоянд. Аз ин ҷост, ки мушкилоти вобаста ба таъмини амният дар замони муосир ба сифати мушкилоти рақами яки ҷаҳонӣ мавқеъ пазируфта аст.
Гарчанде ки имрўз бо шарофати фарҳанги ояндасоз ва сиёсати дурандешонаи ҳомии олии амнияти кишвар ва дастгирии содиқонаи мардуми қадршиносу ваҳдатпазири он аз ин сиёсати хирадмандона, фазои Тоҷикистони азиз орому босубот аст, аммо «шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҷон ва вобаста ба ин боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам» ҳар яки моро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои пойдорию таҳкими амнияти меҳан, минтақа ва ҷаҳон ҳама нерўи зеҳнию ақлонии худро равона созем.
Дар партави таъкидҳои расмии Пешвои миллат дар ҷодаи кафолати пойдории сохти конститутсионии давлат, суботи сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ мо бояд бо он руҳияе назар дошта бошем, ки инро танҳо вазифаи касбии афрод ва ё мақомоту муассисае наҳисобем, балки онро содиқона чун қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти инсонӣ ва уҳдадории табиии худ бидонем. Ҳарчанд ки дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомӣ махсус муваззаф буда, вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосир дар назди онҳо шарту уҳдадориҳои ҷиддии касбиро гузошта, аз онҳо тақвияти ҳаррўзаи фаъолият, омодабошии доимии ҳарбӣ ва такмили малакаи касбӣ, инчунин тарбия ва инкишофи ҷисмонию маънавиро тақозо менамояд. Бо назардошти вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон баланд бардоштани сатҳи зарурии таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки яке аз омилҳои асосии тақвият ва такмили сифати фаъолият, омодабошии ҳамешагии ҳарбӣ ва такомули малакаи касбӣ ба шумор меравад, дар Паёми Сарвари Давлат муҳтавои мантиқии худро пайдо намудааст.
Табиист, ки бартараф намудани дилхоҳ зуҳуроти хатарнок ва оқибатҳои харобиовари он ба маротиб мушкилтару гаронтар аст аз пешгирӣ намудани омилҳои таҳриккунанда ва тақвиятбахшандаи он. Умуман, андешидан ва пиёда намудани дилхоҳ тадбирҳои назариявию амалӣ барои аз байн бурдани ҳама гуна сарчашмаҳои ба тавлиду рушд ва таҳрику такомули зуҳуроти зишт мусоидаткунанда сифатан ҳадафрас буда, яке аз унсурҳои асосии муборизаи қатъӣ бар зидди ин падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Ин нуктаи муҳимро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақомоти олии қонунгузории кишвар — Маҷлиси Олӣ бо муҳтавои мақсадноку зарурӣ ва бисёр бамаврид таҳлил ва ироа намуда, «аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсти кишвар,.. дар чунин давраи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос» буданро талаб намуд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ва дастурамали умумисоҳавӣ моро водор месозад, ки дар пешорўи тамоми пайомад ва ҳаводиси гуногунхислати ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммали сиёсӣ, фарҳанги баландӣ инсондўстӣ ва рўҳияи ватандўстию ҳувияти шикастнопазири миллӣ бошем.
Роҳбари олии кишвар дар ироаи муҳтавои ин ҳуҷҷати таърихӣ бори дигар аз хусусияти мусолиматомез доштани сиёсати хориҷии Тоҷикистон ёдовар шуда, хоҳони комилан аз ҳама гуна «ҷангу низоъҳо, хушунату зўроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ озод» будан ва танҳо дар асоси шарикӣ ва баробарҳуқуқию ҳамкории муфид шакл пазируфтани низоми муосири инкишофи ҷаҳонро иброз дошт. Дар ҳақиқат бо роҳи мусолиҳатомез ва бо тариқи гуфтўшунидҳои ояндасоз ва бо назардошти муқаррароти асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ҳал гардидани ҳама гуна пайомадҳои ҷаҳон дар таъмини амнияти миллии дилхоҳ давлати алоҳида, минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад.
Дар баробари ҳар як ҳарфи маънибахше, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардидааст, нуктаҳои дорои хусусияти ҳидояткунандагӣ ва тарбиявӣ «таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ… дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд» метавонад шиор ва дастурамали барномавии ҳар як фарди солимақл бошад.
Таваҷҷуҳи ҳаматарафа ба таълиму тарбияи дурусту мақсадноки насли наврас аз мушкилоти иҷтимоӣ ва амри зарурӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти миллӣ нақши бориз дошта бошад. Ба ин манзур, тарбия ва ташаккул ёфтани насли наврас дар рўҳияи инсондўстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, қадршиносӣ аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва пуштибонӣ аз мероси пурғановати ниёгон дар маркази таваҷҷўҳи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифтааст. Мусаллам аст, ки ин марҳилаи инкишоф раванди нахустшиносоии ҷиддии шахс бо унсурҳои гуногуни ҳаётӣ буда, маҳз дар ҳамин айём ҷаҳонбинии он барномарезӣ гардида, тасаввуроти он шакл мепазирад. Таваҷҷуҳи махсус ба ин масъала дар самти пешгирии як қатор зуҳуроти номатлуб (аз қабили шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористию экстремистӣ; ба ҳадди ифрот расидан ва пуштибонии ҷавонон аз ин гуна созмону гурўҳҳо; нашъамандӣ ва ҳамкорӣ бо гурўҳҳои нашъаҷаллоб; даст ба ҳар гуна ғоратгарию одамкушӣ ва дигар амалҳои зишт задан; дур мондан аз фаросати инсонӣ, фарҳанги инсондўстию меҳанпарастӣ ва бе баҳра мондан аз ҳама гуна унсурҳои ахлоқии инсонӣ) тадбири муҳиму аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Бо назардошти ин муҳтаво Ҷаноби Олӣ бори дигар рушди соҳаи илму маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, бо таъкиди махсус иброз дошт, ки «танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва … арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Бо ин мақсад дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи дурусти насли ҷавон, дар асоси нуктаҳои дахлдори Паёми Президент, ниҳодҳои муайян муваззаф гардидаанд, ки ба масъалаи истифодаи неруи созандаи ҷавонон, тарбияи мақсаднок, донишомўзӣ ва ба онҳо ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса дошта бошанд.
Ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими амнияти давлатӣ ба роҳ мондани тарғиби ҳарчӣ бештари дастовардҳои таърихии миллӣ ва ба таҳкиму такмили пояҳои давлатдории миллӣ равона сохтани самти омўзишу таҳқики онҳо дар Паёми Пешвои миллат барало таъкид гардидааст..
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ ва роҳбари ташаббускор аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз бисёр пайомадҳои нохуши ҳам сунъӣ ва ҳам табиӣ ҳушдор дода, барои пешгирии шиддат ва аз байн бурдани онҳо пешниҳодоти муҳим иброз доштааст. Низоъҳои таҳмилӣ ва дигар бозиҳои пасипардагии барномавие, ки имрўзҳо дар бисёре аз нуқоти олам ба вуқуъ пайваста, бо тадриҷ густурда гардида, ба худ сифатҳои мураккаби зиёноварро касб менамоянд, дар маҷмў амнияти саёраро зери хатар гузоштаанд. Терроризм ва экстремизм дар марҳилаии кунуни таърихи инкишофи инсоният аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, «ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд».
Пешвои миллат бо таҳлили воқеии чунин мушкилоти фаромиллии муосири сайёра, бо ҳисси баланди инсондўстӣ ва фарҳанги орӣ аз ҳама гуна манфиатҷўиҳои сиёсию иқтисодӣ, аз ҷомеаи ҷаҳон ба вуҷуд овардани фазои боварӣ, эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳидгардӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуротро дархост намуд. Пешвои миллат нисбат ба падидаҳои номатлуби фавқуззикр «сиёсати дугона» доштани бархе аз субъектҳои ҷаҳони муосирро дар заминаи далелҳо ва асосҳои воқеӣ, нуктасанҷона мавриди танқид қарор дода, дар ҷодаи фаъол намудани муборизаи муштарак бар зидди ин ин зуҳурот, онро омили коҳишдиҳандаи самаранокии саъю кўшиши башарият ҳисобид. Гузашта аз ин, истифодаи чунин сиёсат метавонад мухолифати наверо байни эътилофҳои сиёсию ҳарбӣ ба бор оварда, вазъи мураккабгаштаи ҷаҳони муосирро боз ҳам муташанниҷ гардонад.
Пуштибонии содиқонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дини мубини Ислом борҳо дар ҳама гуна созмону ҳамоишҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мушоҳида гардида, дар Паёми навбатӣ низ он устуворона таҷассум ёфтааст. Пешвои миллат бо таҳлил ва таҳқиқи воқеӣ, бо таассуф аз як қатор ҳодисаҳои нангин ва пайомадҳои нохуши ҷаҳони муосир ёдовар шуда, дар ҷавоб ба ҳама баҳодиҳии ноадолатона ва ғайривоқеии душманони ин падидаи муқаддас, бо ҳисси баланди арҷгузорӣ ба ин тамаддуни ҷаҳоншумул иброз дошт: «зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».
Яке аз омилҳои заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ, чунонки аз муҳтавои Паём бармеояд, ин истифодаи қувва ва зўрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рў ба рў омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад.
Пўшида нест, ки яке аз омилҳои мавҷудият ва ба таври густурда фаъол будани ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, ин сарчашмаҳои маблағгузори таъминоти моддиву техникии онҳо мебошад. Ҳатто бархе аз чунин созмонҳо аз ҷониби як қатор фондҳо ва давлатҳо ба таври ошкоро низ маблағгузорӣ мегарданд. Аз ҳама бадтар он аст, ки саҳмгузорони батаҳриковарандаи ин гуна ҳаракату созмонҳо афроди ҷалб намудаашонро «дар раванди таълиму тарбия» ба ҳадде мерасонанд, ки онҳо на ҳамчун инсони дорои тафаккур, балки ба як намуди аслиҳаи ҳарбии харобиовар мубаддал мегарданд. Низоъҳои таҳмилӣ ва пайомадҳои дигари нохуше ки як қатор мамолики ҷаҳон, ба хусус давлатҳои минтақаи Шарқи Наздик, Осиё ва Африқоро фаро гирифтанд шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳодисаи нохуше, ки дар оғози моҳи сентябри соли гузашта ба вуқуъ омада буд, маҳз аз ҷониби хоинон ва хоҷагони дохилию хориҷии онҳо бар зидди субботу амният ва пойдории давлатдории миллии тоҷик барномарезӣ ва амалӣ шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлил ва таҳқиқи ҳаводиси фавқуззикр, дарки воқеии набзи кунунии сайёра ва раванди бесобиқа таҳаввулпазирии пайомадҳои он, махсус таъкид намуд, ки дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ «ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем».
Роҳбари олии кишвар тақозои дар сатҳи барномаи стратегии давлат фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризмро махсус таъкид намуд. Мувофиқан ба муҳтавои Паём, Прокуратураи генералии кишвар муваззаф гардид, ки дар ҳамкорӣ бо як қатор мақомоти дахлдор ба таври фаврӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Пешвои миллат дар ин ҷода пурзўр намудани ҷавобгарӣ ва ҷазоро барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ, хиёнат ба ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, инчунин нисбат ба ташкилкунандагон ва ашхоси ба онҳо мусоидаткунанда ҳамчун яке аз омилҳои асосӣ ба назар гирифта, васеъ ва дақиқ гардонидани номгўи субъектҳои бо онҳо муборизабарандаро ҳамчун унсури таркибии тақвияти мубориза дар ин раванд зарур арзёбӣ намуда. Бо назардошти талаботи дахлдори Паём, мақомоти ваколатдор вазифадор гардиданд, ки бо ин мақсад муқаррароти муайяни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои марбутаро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ вобаста ба ҳолатҳои фавқуззикр ба ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд. Дар ин росто барои таъсис додани маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертеррроризм, ки бобати дар сатҳи зарурӣ муқовимат намудан барои ба мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ истифода бурдани шабакаи интернет омили муҳим ба ҳисоб меравад, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва як қатор мақомоти дахлдор уҳдадор гардиданд, ки ба Ҳукумат пешниҳоди зарурӣ ироа намоянд.
Президенти кишвар дар заминаи далелҳо ва асосҳои воқеӣ, муомилоти ғайри қонунии маводи мухаддирро яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маънидод намуда, мубориза ба муқобили онро ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳисобида, аз таҳдиди воқеии он ба генофонди миллӣ ҳушдор дод. Дар заминаи талаботи дахлдори Паём, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар ин ҷода тақвият бахшида, баҳри такмили тарзу усулҳои мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Яке аз хатарҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҷинояти муташаккили соҳаи иқтисод, ки пеш аз ҳама ба устувории амнияти кишвар, суботи сиёсӣ, шаффофияти татбиқи қонун, риояи дақиқи тартиботи ҳуқуқӣ, амалӣ гардидани адолати иҷтимоӣ ва дигар унсурҳои дорои характери демократӣ таҳдид менамояд, коррупсия ба ҳисоб меравад. Бо чунин мазмун Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба мақомоти олии қонунгузори кишвар ибрози ақида намуда, махсус таъкид намуд, ки ин падидаи зиёновар дар маҷмўъ ба инкишофи муътадил ва пойдории давлат хавфи ҷиддӣ дошта, метавонад ба эътибори ҷаҳонии он дар арсаи олам халал ворид намояд.
Роҳбари олии кишвар аз заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилии дар самти мубориза бо коррупсия бавуҷудовардашуда ёдовар гардида, дар ин баробар ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи мубориза дар ин самт боз ҳам фаъол шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба вуҷуд овардани фазои воқеии оштинопазирро таъкид намуд. Гузашта аз ин, дар партави муҳтавои нуқтаҳои мазкури Паём ҳама масъулини дахлдор барои андешидани чораҳои муҳими иловагӣ дар ҷодаи мубориза бо ин зуҳурот муваззаф гардиданд.
Умуман метавон гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ чун дигар паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат ба мақоми олии қонунгузор, хусусияти барномавӣ — уҳдадоркунандагӣ дошта, дар ин баробар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар худ таҳлилу таҳқиқ, нишондод ва хулосабарориҳои асосноку мантиқии тамоми унсурҳои муҳими раванди инкишофи марҳилаи муайяни таърихи миллатро таҷассум намудааст. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии фаросоҳавӣ ва дастурамали қонунӣ дар дилхоҳ самти фаъолияти давлатӣ ҷойгоҳи хоса дошта, бахусус дар ҷодаи таҳким ва тақвияти амнияти миллӣ ҳамчун дурнамои асосӣ нақши муассир дорад.
Тоҷиддин Сангов мутахассси пешбари
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
.