Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маскав
Душанбе, 15.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — 20-уми марти соли 2016 дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии қишлоқ (ВДНХ) ҷашнвораи умумишаҳрии Маскав «Наврӯз- 2016» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, дар ин чорабинӣ намояндагони намояндагиҳои дипломатии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Чин ва тоҷикони муқими Русия иштирок хоҳанд кард.
Дар доираи ин ҷашнвора консерт, намоиши санъати амалӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои анъанавӣ, намоиши либосҳои миллӣ, чошнигирии хӯрокҳои миллӣ ва мусобиқаҳои варзишии анъанавӣ доир мешаванд.
Бахши тоҷикӣ дар ин ҷашнвора чун анъана бо унсурҳо ва хусусиятҳои ҷашни бостонии Наврӯз пурра хоҳад шуд.
Тантанаҳои ҷашнӣ бо дастгирии Департаменти сиёсати миллӣ, муносибатҳои байниминтақавӣ ва сайёҳии Маскав, иштироки сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Федератсияи Русия ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии миллии Маскав баргузор мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






