Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Истанбул

Март 28, 2016 15:27

Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Иди Наврӯзи хуҷастапай бо шукӯҳи хосса дар ҳалқаи ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Истанбул ҷашн гарифта шуд.
Дар барномаи наврӯзӣ зиёда аз 150 ҳамватан ва донишҷӯёни тоҷик аз ш.Истанбул ва дигар ноҳияҳои атрофи вилояти Истанбул иштирок намуданд.
Дар ҷашни наврӯзӣ дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин бо суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқии халқӣ, мероси бойи аҷдодонамон, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ доир ба муаррифии симои мусбати кишварамон ба манзури иштирокдорон пешкаш гардид.
Дар барномаи наврӯзӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Истанбул Илҳом Абдураҳмонов ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва самимона табрик карда, ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуд.
Дар барномаи идона инчунин меҳмонон ва донишҷӯёни тоҷик сухан гуфта, ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмиллалии Наврӯзи Аҷам табрик намуданд. Дар фарҷоми барномаи наврӯзӣ ба ҳамватанон ва меҳмонон зиёфати идона бо таомҳои миллии тоҷикӣ пешкаш шуд.

Март 28, 2016 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад