Таҷлили ҷашни Наврўз дар ноҳияи Рўдакӣ
Душанбе, 22.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва истиқболи бо шукӯҳи он, маркази ноҳия Рӯдакӣ қабои идона ба бар кардааст. Кӯчаву роҳравҳо тозаю ороста шуда, хурду бузург бо пероҳани зебои идона ҳамдигарро шодбош гуфта барои таҷлили ҷашни пур аз рангиниҳо ба Наврӯзгоҳ мерафтанд. Қабл аз оғози тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ як Маркази замонавии кӯдакона бо номи «Баҳористон» расман ифтитоҳ шуд. Бояд гуфт, ки маркази дилхушии «Баҳористон» аз ҷониби як тан соҳибкори ноҳия сохта ба истифода дода шуд, ки дар натиҷаи амали гардидани ин иқдоми нек гуруҳе аз сокинони ноҳия соҳиби ҷои кори доими шуда, бо маоши хуб низ таъмин мегарданд. Баъд аз кушодашавии ин маркази дилхушӣ, дар Нарӯзгоҳ чорабиниҳои идона бо суханронии масъулини ноҳия оғоз гардид. Дар ҷараёни суханронии худ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ сокинону меҳмононро бо ҷашни Наврӯзи аҷам шодбош гуфта, барояшон хушбахтӣ ва дар зиндагияшон тинҷию оромиро таманно намуд. Сипас барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ба ин маҳфили фарҳангиву фароғатӣ шукуҳу ҷалоли дигар бахшид.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






