Таҷлили Наврӯз дар кӯдакистони президентӣ
Хуҷанд, 25.03.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар доираи тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар кӯдакистони президентӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд иди Наврӯз бошукӯҳ таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона, ки дар он толибилмону волидайни тарбиятгирандагони муассиса, меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, идораҳои маорифи шаҳру вилоят ва сохторҳои мухталиф иштирок доштанд, Лутфия Имматова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, ҳозиринро бо иди Наврӯз табрик намуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар Ҷаҳонгир Салимов, директори кӯдакистони президентӣ иттилоъ дод, бахши фарҳангии чорабинии идона дар иҷрои тарбиятгирандагони гурӯҳҳои хурду калони муассисаи мазкур пешкаши ҳозирин гардид. Салому паёми тарбиятгирандагон бо се забон — точикӣ, русӣ ва англисӣ садо дода, кӯдакон дар васфи Ватан, Модар, Баҳор, Наврӯз ва бойчечак шеъру суруд хонданд.
Ёдовар мешавем, ки Кӯдакистони президентӣ моҳи сентябри соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифта, он имкони фарогирии беш 1000 нафарро доро мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






