Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Роғун
Душанбе, 22.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар маркази шаҳри Роғун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.
Раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифзода меҳмонон ва сокинони шаҳрро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфта, доир ба мақом ва асолати Наврӯз сухан кард.
Дар ҷашни Наврӯзӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаю муассисаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин кормандони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иштирок намуда, дастовардҳо, санъати гулдузӣ, либосҳои миллӣ, китоб ва зиёда аз 30 намуд хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин чорабинӣ санъаткорони ҷумҳурӣ ва шуъбаи фарҳанги шаҳр бо барномаи консертии идона хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯзии шаҳри Роғун мусобиқаи варзишӣ доир ба гӯштин баргузор шуда, паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ низ дар он иштирок варзиданд.










Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






