Тадқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи нашъаовар дар байни ҷавонон

Март 1, 2016 17:40

Душанбе, 01.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз 29 феврал то 1 марти соли равон бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар чорчӯбаи Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинар дар мавзӯи «Тадқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи нашъаовар дар байни ҷавонон» доир шуд.
Дар семинар ҳамоҳангсози минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Сенё Агбохлах, намояндагони созмонҳои давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, агентии омор ва кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ширкат варзиданд.
Дар семинари мазкур иштирокдорон масъалаҳои тадқиқотро оид ба суиистеъмоли маводи психоактивӣ дар байни наврасону ҷавонон муҳокима намуданд.
Дар семинар иштирокдорон роҳҳои пурзӯр намудани иқтидор дар соҳаи ҷамъоварии мавод, баҳогузорӣ ва ҳамоҳанг сохтани ҳамкориро дар соҳаи пешгирӣ баррасӣ намуданд.

Март 1, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик