Таъиноти кадрӣ дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андоз
Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Инчунин прокуророни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Конибодому Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.
Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қурғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.


















Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






