Тамоми кӯшишҳо барои таҳкиму инкишофи минбаъдаи ҳамкории Того ва Тоҷикистон ба харҷ дода мешавад
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -«Ба хотири қонеъ гардонидани умедвориҳои Президенти кишвари Того, ки ба ман ҳамчун Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Того вогузор кардааст, бо шурӯи фаъолияти худ дар ин мақом тамоми кӯшишҳоро барои дарёфти роҳу василаҳои таҳкиму инкишофи минбаъдаи ҳамкории байни ҳарду кишвар ба харҷ хоҳам дод, то барои татбиқи амалии лоиҳаҳои соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, маориф, табодули таҷриба ва сайёҳӣ дар ҳарду кишвар иқдоми муштарак анҷом диҳанд»,-чунин иброз намуд сафири аввалини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Того Оуро Сама Муҳаммад Сад баъди супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Сафири тозаинтихоб изҳори бовар кард, ки робитаҳои дӯстии байни ҳарду кишвар дар оянда тақвияти бештар пайдо хоҳанд кард. Оуро Сама Муҳаммад Сад паёми роҳбари кишвари Тогоро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди нақши созгори роҳбари кишвар дар арсаи байналмилалӣ, алалхусус дар мавзӯи таъмини сулҳ, амният ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ расонид.








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






