Тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст вазифаи муқаддаси модар аст
Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистн ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар он монологи «Модар» дар иҷрои ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Қурбонова, саҳначаи «Модар» аз ҷониби ҳурнармандони театри Лоҳутӣ ва суруди «Модар» аз тарафи ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррама Шарипова иҷро гардид.
Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинзода Эмин Нӯъмон зикр намуд, ки аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор рафта, ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст. Имрӯз ҷоемаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид аҳли толорро ба эҳтироми занон дар ҷомеаи муосир, аёдати модарон ва занони собиқадор даъват намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






