Р. Пилипчук: Барои ҳунарнамоии дастаи мунтахаб танҳо сармураббии даста ҷавоб мегӯяд
Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Роман Пилипчук, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷойгузини иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба нишасти матбуотии пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба меҳмонхонаи “Hyatt regency” ҳозир шуд, ба саволи хабарнигорон ҷавоб гуфта, арз намуд, ки ба ҳунарнамоии футболбозони дастаи мунтахаб танҳо сармураббии даста ҷавоб гуфта метавонад ва фардо низ барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Қирғизистон ӯ бо сармураббӣ Мубин Эргашев дар мавриди бо кадом ҳайат ба майдон омадани даста маслиҳат мекунад.
Роман Пилипчук баъди аз вазифа сабукдӯш шудани Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон интихоб шуд ва баробар бо ин дастаи мунтахаби ҷавонони кишварро ба бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омода кард ва аз Санкт- Петербург бе ягон натиҷаи қобили қабул баргашт. Имрӯз ӯ сармураббии дастаи “Барқчӣ” ва ҳамчунин дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки Салоҳиддин Ғафуров онро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё- 2016 роҳнамун сохтааст, таъйин гардидааст.
Нуриддин Давронов, бозингари дастаи мунтахаби кишвар пеш аз сухан гуфтанаш аз тамоми мухлисони футболи тоҷик аз бохти ниҳоят калон аз мунтахаби Австралия узр хоста, ваъда дод, ки дар дидор бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бо тамоми кӯшиш бозӣ мекунанд, то рӯҳафтодагии мухлисонро бартараф созанд.
Самураббии тими мунтахаби Қирғизистон Александр Крестинин аз истиқболу меҳмоннавозии ФФТ қаноатмандӣ изҳор карда, афсус хӯрд, ки тими мунтахаби Қирғизистон фурсатҳои хуби ба даври дигар гузаштанро дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 аз гурӯҳи “Б”-и Осиё истифода набурд ва фардо дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз бозиҳои хубашро нишон хоҳад дод.
Дарвозабони миллипӯшони қирғиз Валерий Кашуба, ки соли гузашта шарафи дастаи “Хуҷанд”-ро ҳимоя кардааст ва бо бозии дастаи мо ошност, аз ин вохӯрӣ умеди калон дорад. Муборизаи дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамеша аз аҳамият холӣ набуд ва ин навбат ҳам ҳар ду даста кӯшиш мекунанд, ки ба комёбӣ ноил шаванд.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам 11 маротиба рақобат кардаанд, ки 7 маротиба Тоҷикистон ва 2 маротиба Қирғизистон пирӯз гардида, 2 бозӣ ба тасовият расидааст. Таносуби тӯбҳо ҳам 18 бар 10 ба нафъи футболбозони мост.
Дар Осиёи марказӣ натиҷаи имсолаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Узбекистону Қирғизистону Туркманистон хеле паст аст.
















Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






