Ҳунарҳои мардумӣ ва санъати гузаштагони миллати қирғизу тоҷик намоиш дода шуд
Лахш, 23.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш тантанаҳои Наврӯзӣ баргузор гардида истодаанд. Дар ҷашни Наврӯзи аҷам, ки дар маркази ноҳия баргузор гардид, меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва раисони ноҳияҳои Водии Рашт иштирок доштанд.
Сокинони ноҳия, ки аз ду миллати дӯст иборатанд, ҳунарҳои мардумӣ ва санъати гузаштагони миллати қирғизу тоҷикро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир дар ин ҷашни бошукӯҳ хатнатуйи 30 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва 6 ҷашни арусӣ доир гардид ва ятимони кулли ноҳияро соҳибкорону саховатмандон бо кумакпулиҳо қадрдонӣ карданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






