ВАО: Полиси Индонезия шабакаи террористии марбут ба ДИ-ро ошкор кард
Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Полиси Индонезия дар музофоти Суматраи Шимолӣ шабакаи террористиеро ошкор кард, ки эҳтимолан ба гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» марбут аст. Дар ин бора ТАСС иттилоъ медиҳад.
Ҳоло мақомоти қудратии маҳаллӣ сарвари ҷангиёнро, ки худро «Абу Суматра» ном мебарад, ҷустуҷӯ доранд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ медиҳад, маълумот дар бораи мавҷудияти гурӯҳи террористӣ пас аз боздошти гумонбарон ба полис дастрас шудааст.
Ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ зергурӯҳҳоеро ошкор кунанд, ки маълумоти заруриро дороянд.
Боздошти гумонбарон дар робита ба амалҳои террористии моҳи январ дар маркази Ҷакарта, ки бар асари онҳо 4 нафар ҳалок шуд, сурат гирифтааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






