Варзишгарони тоҷик ба Қазоқистон сафар карданд
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ Ховар).- 16 марти соли равон варзишгарони тоҷик Искандари Рустам ва Баҳодур Қодиров барои иштирок дар мусобиқаи Осиё доир ба дарёфти роҳхат ба бозиҳои Олимпии Рио-Де-Жанейро-2016 ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
Дар сафар варзишгарони тоҷикро мураббӣ Абдураззоқ Олимов ҳамроҳӣ намуда, онҳо барои дарёфти роҳхат мубориза мебаранд. Дар мусобиқа, ки дар шаҳри Остона-пойтахти Қазоқистон баргузор мегардад, гӯштингирони номдори қораи Осиё иштирок мекунанд. Сафари варзишгарони тоҷик то 22 март идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Искандари Рустам иштирокдори бозиҳои тобистонаи олипии Лондон -2012 ва Баҳодур Қодиров аз варзишгарони номдори тоҷик ба ҳисоб рафта, барои иштирок дар бозиҳои олимпии Рио-Де-Жанейро омодагӣ мебинанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






