Як ҷаҳиши дигар барои (PR) имкониятҳои туристии Хатлонзамин
Душанбе, 12.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи бештару беҳтар таблиғу ташвиқ ва муаррифии имкониятҳои туристии мамлакат, эҳё ва рушди саёҳатҳои шаҳрӣ ва туризми мактабӣ дар вилояти Хатлон, тибқи чорабиниҳои кумита дар доираи баргузории ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ корвони рӯзноманигорони ҷумҳуриро, аз қабили рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Азия плюс”, “Озодӣ”, “Фараж”, “Бадахшон”, “Оинаи зиндагӣ”, “Импулс”, “Қалам”, “Телевизиони Бадахшон” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” ба шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Ҷилликул, Шаҳритус, Қубодиён, Норак, Балҷувон, Темурмалик, Муминобод, Ховалинг, Данғара, Восеъ, Кӯлоб, Носири Хусрав ва Шамсиддини Шоҳин ба нақша гирифтааст.
Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Хатлон дорои иқтидори бойи туристӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.
Муносибатҳои ҷамъиятӣ воситаи муҳими тарғибот ба ҳисоб мераванд. Аз рӯи моҳияти худ ин усули ройгон паҳн намудани маълумот дар воситаҳои ахбори омма, хусусан, аз тарафи рӯзноманигорони саёҳатчӣ дар маҷаллаҳо, телевизион ва интернет мебошад.
Аз сӯи дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ барои ба даст овардани бовар ва таваҷҷуҳи туристон ба сабади маҳсулоти туристии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Албатта, дар сурати сифатнок муаррифӣ намудани иқтидори воқеии туристии минтақа ба инкишофи соҳаи туризм дар вилоят таккони ҷиддӣ бахшида шуда, самти мазкур марҳила ба марҳила ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ мубаддал мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






