Задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар сарҳади давлатӣ
Душанбе, 10.03.2016.(АМИТ Ховар).-9 марти соли равон соати 23:20-и шаб дар асоси маълумоти фаврӣ наряди сарҳадӣ бо гурӯҳи фаврии қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро пешгирӣ карданд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик қочоқчиён итоат накарданд, ки байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд.
Сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷаи он ду нафар аз қочоқчиён захмдор шуда, як нафари онҳо безарар гардонида шуд. Боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 50 кг маводи мухаддири ҳашиш, як яроқи оташфишони АК-қутраш 12 мм бо 1 тирдони тирҳояш истеҳсоли хориҷӣ мусодира шуда, як ҷасади қочоқчии афғони тақрибан 30-сола дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки қочоқчиён аз Ҳазрати бӯстон ва Лоламайдони дарқади вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтиш идома дорад.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






