10 000 мухлис дар варзишгоҳи Бадахшон

Апрель 22, 2016 10:39

Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Бадахшон дар ҳузури 10 000 мухлис дар шаҳри Хоруғ бо ҳайати дуюми дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии дӯстона доир кард.
Ин вохӯрии ниҳоят ҷолиб бо ҳисоби мусовии 3 бар 3 ба поён расид. Тавре шоҳидон иттилоъ медиҳанд, таваҷҷуҳи мардуми Бадахшон ба бозии футбол хеле баланд буда, мардум онро дӯст медоранд. Дур нест, ки дар ин минтақаи кӯҳсори мамлакат рӯзе дастаи футболе таъсис ёбаду дар яке аз Лигаҳои футболи Тоҷикистон ширкат варзад.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд.

Апрель 22, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд