448 муҳоҷири меҳнатӣ сертификат оид ба донистани забони русӣ гирифтанд

Апрель 16, 2016 10:10

Душанбе, 16.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути марказҳои тестии дохили ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия 448 муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия гирифтанд. Дар ин бора сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тоҳир Каримзода зимни маҷлиси ҳайати мушовара изҳор дошт.
Бино ба гуфтаи сардори хадамот, барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ лар Тоҷикистон машғуланд, муайян кардани шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозат расмӣ кору зиндагӣ мекунанд, мунтазам амалиётҳои муштарак гузаронида мешаванд.
“Барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ амалиётҳои санҷишӣ нисбат ба 11 ширкат гузаронида шуданд. Дар натиҷа ба 289 шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани иҷозати кор тавсияҳо дода шуданд. Бояд зикр кард, ки мутахассисони хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Русия, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Итолиё, Покистон, Молдова ва Қирғизистон мебошанд”,- илова намуд Т.Каримзода.
Зимни санҷиш дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба 42 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳо тартиб дода шуданд.

Апрель 16, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд