Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон: «Рисолати инсонӣ дар ҳамин аст- бо сулҳу сафо ва озоду сарфароз зистан»

Апрель 22, 2016 09:07

Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми шарафманди тоҷик 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Барои расидан ба ин рӯз халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ба даст омадааст, хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт бо Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон суҳбат намояд.

«Ховар»: Моҳият ва арзиши Ваҳдати миллӣ аз нигоҳи Шумо.

А. Самад: Ба андешаи ман Худованд дунё, инсон ва мавҷудоти оламро танҳо барои ваҳдат офаридааст. Таърих, таҷрибаи рӯзгори ҳазорсола собит месозад, ки бе созиш, якдиливу ҳамбастагӣ низоми зиндагии инсонҳо ва ҳастии набототу ҳайвонот, ҳам дар зери уқёнусу дарё ва дар ҳафт қабати осмон низ вайрон шуда, фалокату фоҷиаҳои мудҳиш ба вуҷуд меорад. Яъне ваҳдат амри Офаридгор барои пойдориву сарсабзии кураи арз, ҳаёти зебо ва осудаи инсонҳо, боз бақои мавҷудот аст. Худо накунад, ки инсонҳо ба ҷойи ваҳдат ва сулҳу субот хушунат ё кинаву адоватро пеш гиранд, ҷангу ҷидол ва сӯхтору харобкорӣ ба вуҷуд меояд, ки ин аз ҷаҳли мураккаб ба дасисаи шайтон гирифтор шудан аст. Бадбахтона, ҷомеаи инсонӣ дар тӯли таърих аз рӯйи худхоҳӣ ва бехирадии шоҳону сарлашкарон, ҳизбу тӯдаҳои тундрав бандаи низову дасисаи иблис шуда, шаҳру қасрҳои обод ба хок яксон карда, дарё-дарё хуни ноҳақ рехтаанд.
Имрӯз низ бар асари поймол кардани ниҳоли ваҳдат ва сабзондани хори кудурату душманӣ басо мамлакату шаҳрҳои обод, ёдгориҳои бемисли қадима, ки нишони ҳунар ва ақлу заковати
башарият маҳсуб мешуданд, дар коми оташи силоҳҳои даҳшатангези муосир сӯхтанду ба хокистар табдил ёфтанд. Яъне ақлу заковат ва ҳунар бунёд кард, осори ҳайратовар офарид, ҷаҳолату бадхоҳӣ шикасту сӯхту хун рехт… Ваҳдат зиндагисозу зебопараст аст, ба равнақи илму адабиёт, пойдории сарватҳои маънавӣ, ишқу ормонҳои инсонӣ, бақои давлат мусоидат мекунад, ҷаҳолату хушунат харобиовар асту мероси шайтон ва чун Аҳримани сиёҳкору бадкирдор офаридаҳои арзишманди инсонро ба боди фано медиҳад ва ҳазору як бадбахтӣ пеш меорад. Аз ин хотир осори адабии беш аз ҳазорсолаи мо бештар ваҳдатсарову инсонгаро мебошад. Бузургтарин адибони классики мо ба воситаи каломи пурҳикмат дар мағзу қалби инсонҳо тухми ваҳдату дӯстӣ мекоштанд, то ки аз кирдори зишт оламу одам зарар набинанд. Аслан рисолати инсонӣ низ дар ҳамин аст: бо сулҳу сафо, озоду сарфароз, касе ва чизеро озор надода одамвор зистан. Агар мушаххас бигӯем, ваҳдат барои зиндаву тобанда то ҷовидон нигоҳ доштани инсону табиат, ширину гуворо зистани ҳар як хонадон, пойдории истиқлоли давлату ҳастии миллат чун нафас ва обу ҳаво зарур аст.

«Ховар»: Ҷанги шаҳрвандӣ ба адибон ва умуман аҳли зиё чӣ таъсир гузошт?

А. Самад: Рӯзи сиёҳ, бадбахтии сангинтарин аст ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳли зиё, инсонҳои бедордилу дурандеш ва дар маҷмӯъ барои мардум. Хушку тар баробар месӯзад ва шояд бегуноҳон аз гунаҳгорон бештар қурбон мешаванд дар ҷангу носозиҳои шаҳрвандӣ. Фоҷиаи меҳану миллат, хунрезиву харобкорӣ дар он марҳила чун тири сӯзону заҳрогин ба дили фарзандони равшанфикр расид. Пӯшида нест, ки он айёми ҳассосу сарнавиштсӯз байни аҳли зиёи мо бархӯрди ақида ба миён омад. Ҳар кас ба тӯдае ҳамроҳ шуд ва дар сари андеша худро ҳақ шумурд. Даврони калавидану гаравиданҳо, имтиҳони ирода… Ин табиӣ буд ва солҳои Инқилоби Октябр низ, бадбахтона, зиёиёни мо,-ҳарчанд ангуштшумор буданд, — ба ин гирдоби гумроҳӣ афтода, пасон ангушти надомату пушаймонӣ газиданд, чунки бадхоҳон гумроҳӣ ва каҷназарии онҳоро бар зарари миллатамон истифода бурданд. Дар ҳар сурат ҷанги шармовари шаҳрвандӣ баъзе равшанфикрони тоҷикро дилшикаставу пароканда сохт. Вале онҳо дар ҳар куҷое буданд, ба тарзи худ дар ғами фоҷиаи миллату меҳан сӯхтанду нолиданд. Ин дарди ҷонсӯзро адибони маъруфу тавоноямон бештар кашиданд. Заҳри носозиҳои рӯзгор, душмани хуниву ҷонӣ шудани фарзандони як модар, аз фарти бехирадӣ ва ҷаҳолат кишварро хароб, миллатро бадному сарпараст карданашон адибони асилро хуниндилу марсиясаро кард. Навҳаҳои талхи модарони ҷигаркабоб, занони сиёҳбахт, ятимони хорузор ва сарзамини таҳқирдидаву валангори имдодхоҳ дар нигоштаҳои адибони баркамолу ҷавон он рӯзҳои сиёҳ ҷойи хоссаро гирифт. Ин ҳам ҳукми сарнавишт буд. Ҳар фарзанди вафодор бо дарду алам фоҷиаи миллату ватанро барои ибрати фардоиён пурсӯзу гудоз ва ҷое бохашму дидаи гирён сароид. Ин қарзи фарзандӣ аз рӯйи рисолати адабияшон буд…

«Ховар»: Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ.

А. Самад: Агар аз рӯйи инсоф даст болои дил ниҳода, манзараи ҳақиқати талху шӯри оғози солҳои навадуми асри бисти мамлакатамонро пеши назар биорем, бедудилагӣ хоҳем иқрор кард: Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор дошт. Ҳокимият, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуданд. Роҳбарони аввал, ки дар доираи чорчӯбаи амру супориши Маскави абарқудрат одати кору фаъолият кардан доштанд, аз дигар шудани сиёсати давлатдорӣ, сар задании ошӯбу майдоншиниҳо ва қувват гирифтани ҳаракату ҳизбҳои ҷоҳталабу ҷудоихоҳ, ба қавле дасту поча ва мувозинаташонро гум карданд, зимоми давлатдориро аз даст доданд.
Аз ҷиҳати авҷи бесарусомонӣ ва худхоҳиву қонуншиканӣ барои ҳидоятгарони навбаромад майдонҳои кушод фароҳам омад. Ва якбора аз замин гӯё сиёсатмадору ҷорчӣ рӯид. Дигар ҳама дар майдону минбарҳо дар забон ватанхоҳу ҳақталош шуданд ва ба мардуми соддадилу ноогоҳ, гумроҳу аз ин бесарусомониҳо ҳайрон ваъдаҳои беҳисоб дода, дар асл ба хомталош кардани кишвар камар бастанд.
Ана дар ҳамин ҳолати фоҷиабор, ки ҳастии давлат дар сари мӯ меларзид, меҳан ва мардуми гирифтори ҳалокатҳои пай дар пай интизори раҳоӣ аз ҷангу ҷидоли хунрез, таҳқиру қонуншиканӣ, парешониву бадбахтӣ буданд, бар асари беҳокимиятӣ, дурусттараш аз ночорӣ дар Душанбе не, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ва дар ин иҷлосияи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари нави Тоҷикистони ҷангзада ва нисфаш валангору хароб интихоб карданд. Ҷавон буд, лекин чун роҳбару сиёсатмадор ба мардум чандон ошно не.
Ба ҳар сурат мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сари минбар ваъда дод: «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам… То як ҳамватан дар хориҷа ғариб аст, ором намехобам», дӯхт. «Кош фариштаҳои роҳгузар омин гӯянд ва ин паёми неки роҳбари ҷавон ҷомаи амал пӯшад»,-дар дил мегуфтанд одамон. Оре, халқ ҳикмате дорад: «Баракат дар як дона, надонӣ дар кадом дона». Худо кунад, ки ин сарвари ҷавон некқадаму баиқбол бошад ва кору фаъолияти давлатиаш ба дарди Ватану халқ дармон шавад. Ақлро пешравии давлат низ мегӯянд ва роҳбари нави Тоҷикистон бо ҳамсафарон бо сабру таҳаммул мушкилиҳои сангин, нокомиву дассисаҳои дохиливу хориҷиро бо талошу дурандешӣ пушти сар карда, ба зудӣ не, балки бо гузашти солҳо барномаи сулҳу суббот ва расидан ба рӯзи ормону мурод-Ваҳдати миллиро амалӣ сохтанд. Дар ин маврид ин гуфтаи Расули акрам (с) аз «Кимиёи саодат» ба ёд меояд: Гуфт: «Бигӯям шуморо чист, ки аз намозу рӯзаву садақа фозилтар аст?». Гуфтанд: «Бигӯй». Гуфт: «Сулҳ афкандан миёни мусулмонон». Аз ин назар бо инояти Худованд ин фармудаи Пайғамбар (с) бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба даст омадани имзои Созишномаи сулҳу Ваҳдат ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид. Ва он бузургтарин дастоварду хидмат аст, ки ҳама хушунату ҷангу ҷидолро батадриҷ аз байн бурд ва миллатро ба саодату созандагӣ расонд. Ватанро ободу машҳури дунё гардонд, шоирону нависандагон, аҳли зиёи шикастарӯҳу марсиягӯро ваҳдатсаро кард. Дигар ба хосу ом маълум аст, ки Асосгузори ин сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

«Ховар»: Ба ҷавонон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, чӣ муроҷиат доред?

А. Самад: Ҳифзу ҳимояи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдатамон, ки дар ҷаҳон чун падидаи камназири омӯзанда пазируфта шудааст, оянда бар дӯши ҷавонҳост. Онҳо, пеш аз ҳама бояд чун фарзанди фарзонаи диёр зираку ҳушёр бошанд, аз роҳи манфиати давлату миллати хеш заррае берун қадам нагузоранд. Бо омӯзиш ва саводу дониш ақлу заковат ва ботини худро ғанӣ созанд. Таъриху фарҳанг ва забонамонро донанду эҳтиром намоянд, бо ҷасорату мардонагӣ, фаҳмишу худшиносӣ ва ифтихор аз миллату давлати азизамон-Тоҷикистон намунаи ибрати имрӯзу фардо шаванд. Ва боз ба такрори он каҷравӣ, саҳву хаттоҳое, ки аз бобоёну падарон гузашт ва боиси харобии кишвар, бадномӣ ва сарсонии мардум шуд, роҳ надиҳанд. Ин қарзи фарзандии ҷавонони имрӯзу фардо дар назди Ватан ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Ташаккур барои суҳбат.

 

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Апрель 22, 2016 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА. Он ба ақидаҳои бунёдии инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва озодӣ асос ёфтааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват менамояд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя намоянд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангур ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам хушк давои дардҳо аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар тобистон хӯрдани 10 маҳсулоти мавсимӣ ҳатмӣ аст
БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Кормандони ин соҳа ҷони худро дар хатар гузошта, дигаронро наҷот мебахшанд
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои профессор Маҳкам Маҳмудзода ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
12 АВГУСТ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Илму маориф ва фарҳангу варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоем!
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббо дар фасли зимистон баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Муҳандиси чинӣ Ҷан Тонг И: «Меъморони тоҷик мутахассисони хубу кордон ҳастанд»