Ҳадаф саломатӣ, саёҳат ва ватандўстиву худшиносӣ
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли равон ҳамоиши ҷумҳуриявии саёҳати пиёдагардӣ, махсусан дар шаҳри Душанбе аз Боғи Ғалаба то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб баргузор мешавад, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёну ҷавонони касбу кори гуногун фаро гирифта мешаванд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиш тарғибу ташвиқи мероси бойи таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиию туризми рекреатсионӣ (саёҳат барои истироҳат), мавзеъҳои туристии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди ҷавонон, тарғиби инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ба ин васила тараққӣ додани туризми дохилӣ дар кишвар мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






