Ғалабаҳои душвори “Барселона” ва “Бавария”

Апрель 6, 2016 10:50

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар дидорҳои аввали ¼ -ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо клуби футболи Барселона дар варзишгоҳи “Камп Ноу” бо душворӣ дастаи “Атлетико”-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард.

Агар Фернандо Торрес дар дақиқаи 35-уми вохӯрӣ аз майдон баъди корти дуввуми зард ронда намешуд, шояд 88 534 нафар мухлисони дар варзишгоҳ буда ва миллионҳо тамошобинони «оинаи нилгун»  дар саросари олам бозии дигари “Атлетикоро”-ро тамошо мекарданд. Ба ҳар навъ, Торрес пеш аз майдонро тарк кардан дар дақиқаи 25-ум аз байни пойҳои дарвозабони “Барселона” тер Штеген голи меҳмононро ба самар расонд .

Дар нимаи дуввуми рақобат Луис Суарес бо маҳорати фардӣ “Барселона”-ро бо ду голи задааш ба сӯи пирӯзӣ кашид ва онро ғолиб гардонд.

Як голи задаи “Атлетико” дар сафар то вохӯрии такрорӣ барои ба даври нимниҳоӣ баромадан  тухми умедро ба дили мухлисонаш мекорад.

Дар бозии дуввуми рӯз мутахассисони соҳаи футбол бар он ақида буданд, ки “Бавария”-Олмон “Бенфика”-и Португалияро бо натиҷаи калон мағлуб мекунад, аммо пешгӯиҳо хато баромаданд. Ягона голи задаи Артуро Видал дар дақиқаи 2-юм тақдири вохӯриро ба нафъи “Бавария” ҳал кард.

Ба ҳамин тариқ, мухлисони бозиҳои Лигаи чемпионҳои Аврупоро дар вохӯриҳои такрорӣ натоиҷи пешгӯинашаванда интизор аст.

 

Апрель 6, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад