Ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолият
Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ Ховар/.- 8 апрели соли равон ҷаласаи васеи Комиссияи вилоятӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки раисон ва котибони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон доир гардид.
Дар кори ҷаласа гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Бег Қурбонзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Валиев, муовини сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, Х.Хайруллоев, мутахассиси пешбари Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал Ю.Қурбонов, котиби масъули комиссияи Кумита оид ба баргузории мусобиқа низ иштирок доштанд.
Зикр карда шуд, ки оид ба омодагӣ ва гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ Қарори раиси вилояти Хатлон аз 31 марти соли 2016 ба тасвиб расида, ба 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шудааст.
Дар ҷаласа қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мақомоти марказӣ, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, оила ва хонаи намунавӣ хотирнишон гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа дар бораи методологияи арзёбии нишондодҳо ва баҳогузорӣ ҳангоми муайян намудани ҷамоат, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Комиссия масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоятро бобати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ вазифадор намуд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






