Ҷаласаи навбатии Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуривӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир доир гардид

Апрель 28, 2016 16:10

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Мусобиқаи мазкур амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, он бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди кишвар, инчунин гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор мегардад.
Мусобиқа дар давоми моҳҳои март-августи соли ҷорӣ дар 4 марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи якум аввали моҳи май ҷамъбаст ва ғолибони он охири моҳи май  мукофотонида мешаванд. Марҳилаи дуюм аввали моҳи июл ҷамъбаст ва ғолибон охири моҳ мукофотонида мешаванд. Ғолибони марҳилаи якуму дуюм – хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, шаҳру ноҳияи беҳтарин ба марҳилаи сеюм дар сатҳи вилоят роҳ меёбанд. Ин марҳила то даҳаи якуми моҳи август ҷамъбаст ва ғолибони он мукофотонида мешаванд.  Ғолибони ин марҳила барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии чорум ҳуқуқ пайдо мекунанд. Марҳилаи чорум дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе то 20 августи соли равон ҷамъбаст мегардад.
Ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мукофотҳо тақдим карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Комисияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ намунаи ҷоизаҳо, ки  аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта ва бо зарҳал ҳаккокӣ мегаданд, инчунин  нишони хотиравӣ(вимпел) тасдиқ карда шуданд.
Азим Иброҳим  ба аъзоёни Комиссия оид ба ҷоннок кардани фаъолияташон ҷиҳати баргузории марҳилаҳои ин Мусобиқаи бонуфуз дар маҳалҳо супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 28, 2016 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад