Қаллобон дубора муҷозот мешаванд
Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1 апрели соли равон шахси номаълум пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 14 ҳазору 40 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Кормандони милитсия ҷавондухтари 17-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ин ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд шаби 3 ба 4 апрели соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия 8 сар чорвои хурди шохдорро дуздидаанд.
Арзиши чорвои дуздидашуда 4 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар марди 24 ва 31-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки ҳарду ҳам қаблан суд шудаанд, дастгир гардиданд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






