Арабистони Саудӣ: қадам ба сӯи ислоҳот
Душанбе, 27.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мамлакати Арабистони Саудӣ тарҳи нави ислоҳоти иқтисодии кишварашро бо унвони «Нигоҳи шоҳигарӣ 2030» пешниҳод кардааст.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд зимни муроҷиат ба сокинони кишвараш оид ба заруриаи ислоҳоти иқтисодӣ изҳори назар карда, гуфтааст: «Аз ҷониби мо ба Шӯро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди мамлакат нақшаи ислоҳоти иқтисодӣ барои давраи то соли 2030 пешниҳод шудааст».
Раиси Шӯро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди Мамлакати Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз, ки ҳамзамон вазири мудофиаи ин кишвар мебошад, тасмими шоҳигариро вобаста ба ислоҳоти иқтисодӣ шарҳ дода, чунин гуфтааст: «Ҳадаф аз ислоҳоти иқтисодӣ бартараф намудани вобастагии иқтисодиёти Арабистони Саудӣ аз истихроҷ ва фурӯши нафт мебошад. Вобастагӣ аз нафту газ бар замми хатари ҷиддӣ доштан, ҳамчунин намегузошт, ки дигар бахшҳои иқтисодии мамлакат рушд кунанд».
Дар назар дошта шудааст, ки ислоҳоти иқтисодӣ муддати 15 сол – то соли 2030 идома ёфта, дар доираи он саҳмияҳои ширкати давлатии нафтрасони «Арамко» (Saudi Aramco) ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз фурӯши ҳамагӣ панҷ фоизи саҳмияҳои ин ширкати азими давлатӣ гирифтани даромади соф ба маблағи 2 трлн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда ширкати нафтрасони «Saudi Aramco» ҳамарӯза даҳ фоизи нафти ҷаҳониро истеҳсол карда, фаъолият ва даромади иқтисодии бузургтарин корхонаҳои коркарди нафт ва муассисаҳои кимиёвиро таҳти назорати худ гирифтааст.
Буҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳон, се-чор баробар поён рафтани арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ кишварҳои истеҳсолкунандаи нафтро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии рушди минбаъдаи иқтисодиётро ҷустуҷӯ намоянд. Ҳамин аст, ки подшоҳи Арабистони Саудӣ зимни суханронии худ гуфт: «Умед дорем, ки иқдоми мо барои дигар кишварҳои олам ҳамчун намуна мегардад».








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






