Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
КӮЛОБ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсия таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -руйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқии мамлакат», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории миллӣ» ва «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ» маърӯзаҳо пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки қонуни асосӣ ва олии дилхоҳ давлат Конститутсия ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он дар тамоми қаламрави давлат мустақиман амал мекунанд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишоф ва муаррифии ҷумҳурии мо ба оламиён мебошад.
«Ҳар сол 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рӯзҳои фараҳбахшу пурифтихори миллӣ бо эҳтирому шукӯҳ таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пояи устувори давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёри тоҷикон дониста мешавад»,-иброз гардид дар конференсия.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






