«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1045 -солагии олими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва 1160- солагии файласуф, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ ҳамоиш дар мавзӯи «Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазозода иброз намуд, ки Абӯалӣ ибни Сино ва Абубакри Розӣ бо асарҳои худ на танҳо ба илму маорифи ҷаҳонӣ хидмат кардаанд, балки саҳми онҳо дар рушди тамаддуни башарӣ низ барҷаста мебошад. Мероси онҳо имрӯз ҳам таълимоти инсонсозии худро дар ҷаҳони муосир мегузорад.
Гуфта шуд, ки бузургию мартабаи Абубакри Розӣ дар таърихи илм бо мусанифоти зиёд роҷеъ ба химия ва тиб ба поён намерасад. Ӯ оид ба аксари улуми маъмули замонаш таълифоти пурарзише доштааст, ки мутаассифона, аксари зиёди онҳо то мо нарасидааст. Таълифоти пурарзиши ў «Бурҳон», «Илми илоҳӣ», «Самъул-каён» (ё «Мадхали илми табиӣ»), «Замон ва макон», «Сабаби қиёми замин дар васати осмон» ва ғайра барои инкишофи илмҳои табиӣ, илоҳиёт, нуҷум ва ғайра такони азиме доданд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши бузурги Ибни Сино дар ҳамгироии фарҳангҳо, аз ҷумла дар Аврупо ва Шарқи Наздик, инчунин таъсири амиқи таълимоти ӯ ба олимон ва файласуфон дар таърихи илм ва фалсафа ибрози назар карданд.
Иброз гардид, ки осори адабӣ ва фалсафии Ибни Сино, аз ҷумла «Донишнома» ва «Ҳикмат-ул-Машриқия», намунаи олии фарҳанги андешавӣ ва забони илмии тоҷикӣ мебошанд. Ӯ бо истифода аз забони модарӣ барои ифодаи мафҳумҳои фалсафӣ нишон дод, ки забони тоҷикӣ қудрати пурраи илмӣ ва адабӣ дорад. Андешаҳои ӯ дар бораи эҳтироми фарҳангҳо, арзиши дониш ва ҳамзистии инсонҳо то имрӯз низ аҳаммияти ҷаҳонии худро гум накардаанд. Аз ин рӯ, Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун рамзи хирад, дониш ва фарҳанги умумибашарӣ шинохта шудааст. Мутаффакири барҷаста, инчунин дар масъалаҳои ахлоқ, тарбия ва иҷтимоӣ андешаҳои пурарзиш баён кардааст. Ба андешаи Сино, ҳурмат ба зан, тарбияи дурусти фарзандон ва ахлоқи солим пояи муҳимми ҷомеаи инсонӣ мебошанд.
Баён гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол номи Ибни Сино бо ифтихор гиромӣ дошта мешавад. Дар саросари кишвари мо ва кишварҳои ҳамҷавор донишгоҳҳо, муассисаҳо ва хиёбонҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд. Муҷассамаи ӯ дар шаҳри Душанбе рамзи хирад ва дониш аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






