Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
«Вазифаи ҳар яки мост, ки ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиши боз ҳам бештар ба харҷ диҳем. Бо заҳмати аҳлонаву содиқона, иттиҳоду сарҷамъӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва муқаррароти қонунҳо, яъне таъмин намудани волоияти қонун зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин созем», -даъват гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъсиси давлатдории навини тоҷикон заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард, хусусияти пойдории давлатро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ифода менамояд. Ин санади ҳуқуқӣ, дастоварди бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми хушиқболи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






