“Атлетико” дастаи “Барселона”-ро шикаст дод

Апрель 14, 2016 10:47

Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.— Дар идомаи бозиҳои ¼ -ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо шоми дирӯз ғалабаи фавқулодаи клуби “Атлетико”-и Мадрид бар “Барселона” мавзӯи баҳси инҳафтаинаи расонаҳои хабарии ҷаҳон хоҳад шуд. Дастпарварони Симеоне бе иштироки Фернандо Торес, ки дар бозии аввали ин дастаҳо аз майдон ронда шуда буд, ҳарифи қудратманди худро бо ҷамъи ситораҳояш ба таслимшавӣ маҷбур карданд ва бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд.
Дар дақиқаҳои охири нимаи аввал тӯби партофтаи Саулро истифода карда, Антуан Гризман бо зарбаи калидӣ дарвозаи Марк-Андре тер Штегенро рахна кард. Ҳамин бозингар дар дақиқаи 88-ум бори дигар аз зарбаи 11 –метра голи дуввуми худро ба самар расонида, ғолиби соли гузаштаи Лигаи чемпионҳо- “Барселона”-ро дар муборизаи имсола барои Ҷом барканор кард ва ба «истироҳат» фиристод.
Антуан Гризман, бозингари фаронсавии “Атлетико” дар ин рақобат беҳтарин бозингар эътироф шуд.
Дар бозии дуввуми рӯз “Бавария” дар сафар бо “Бенфика”вохӯрда, натиҷаи барояш мувофиқ- 2 бар 2-ро комёб гардид.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои нахустини “Барселона” бо “Атлетико” бо ҳисоби 2 бар 1 ва “Бавария” бо “Бенфика” 1 бар 0 ҳафтаи гузашта ба анҷом расида буданд.
Ба ҳамин тариқ, “Атлетико” ва “Бавария” якҷоя бо “Реал” ва “Манчестер Ситӣ” муборизаро барои Ҷоми чемпионҳои Аврупо идома медиҳанд.

Апрель 14, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд