Авҷи сохтмони хонаҳои баландошёна дар Бадахшон

Апрель 5, 2016 08:50

Хоруғ, 5.04.2016./АМИТ Ховар/. Бар асари боронгариҳои шадиди чанд рузи охир ҳавзҳои обсофкунии марбут ба Корхонаи обу корези шаҳр рахна шуда, наздик буд вориди хонаҳои истиқоматӣ гардад. Аммо сари вақт аз ин хатар ҷилавгирӣ шуд. Ба гуфтаи сармуҳандиси ин корхона Акбаршо Шоназиров, ин панҷ ҳавз дар солҳои 70-уми аср гузашта бунед ёфта, ба Комбинати гӯшту шири шаҳр тааллуқ доштанд, ки ғунҷоиши хамагӣ 600 метри кубӣ партовро доранд. Аммо баъдан қубурҳои корхонаи обу корезии шаҳр низ ба ин ҳавз пайваст шуданд ва ҳоло ба онҳо 5 ҳазор метри кубӣ партов сарозер мегардад. Муҳандиси корхона гуфт, ки чанд соли пеш бо қарори раисони собиқи шаҳр дар назди ҳавз хонаҷой ҷудо шуд ва ҳоло барои сохтани ҳавзи иловагӣ ҳеҷ имконият вуҷуд надорад. Илова бар ин интиқоли техникаву механизмҳоро ба ҳавзҳои мазкур аз даст додем, то такшинро тоза карда, ба ин минвол ҳаҷми нигаҳдории партовро афзоиш диҳем.
Дар ҳамин ҳол сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти маъмурӣ, маишию фарҳангӣ ба таври бесобиқа дар шаҳр идома дорад ва табиист, ки дар ояндаи наздик қубурҳои ин биноҳо низ ба ҳавзҳои обсофкунанда пайваст хоҳанд шуд.

Апрель 5, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид