Баҳси мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар ҷаласаи XI Форуми СҲШ дар Душанбе
Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар/. 28-29 апрели соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки: «Пеш аз ҳама, бояд таъкид намоям, ки ин Форуми сохтори илмии СҲШ мебошад ва дар он марказҳои таҳлилии кишварҳои СҲШ ҷамъ омада, масоили доғи рӯзро баррасӣ менамоянд. Чунин форум ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад. Дар форуми навбатӣ, ки дар Душанбе баргузор мегардад, масъалаҳои мубориза ба муқобили таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм ё ифротгароии динӣ, омилҳое ки ба ин ҷараёни манфии ҷомеа таъсиргузор ҳастанд, баробари ин боз дигар масъалаҳои ҳамкории кишварҳои аъзо, нозир ва шарикони муколима низ мавриди баҳс қарор мегиранд».
Ба гуфтаи С. Сафаров мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, ҳамкории иқтисодӣ дар доираи СҲШ, вазъият ва дурнамои ин ҳамкорӣ, СҲШ ва масъалаҳои оқилона итифода бурдани обу энергетика ва коммуникатсия дар кишварҳои СҲШ аз масоили муҳими ин форум маҳсуб мешаванд.
«Яке аз масъалаҳои дигар — васеъ шудани Созмон аст, ки ин хеле масъалаи ҷиддӣ мебошад, зеро ҳоло вазъият чунин шудааст, ки Покистону Ҳиндустону Эрон ба узвияти ин созмон бояд қабул карда шаванд. Дар доираи ҷаласа Форуми ҷавонони СҲШ доир мегардад, ки дар он масъалаҳои дурнамои Форуми ҷавонони СҲШ ва ҳамкории байни созмонҳои ҷавонон ва ҳамкории иттилоотӣ дар доираи кишварҳои узв, нозир ва шарикони муколама баҳс хоҳанд шуд», -илова намуд муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир, шарикони муколама ва созмонҳои даъватшуда, аз қабили Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ширкат меварзанд.
Мавҷуда Анварӣ








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






