Баррасии ҳамкории илмии Тоҷикистону Туркманистон дар АИ ҶТ

Апрель 20, 2016 10:42

Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чари Адаев пазируфта шуд. Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Кароматулло Олимов, Саимуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунёд Ғаффоров ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ ҳамкории илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Туркманистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин омодагӣ ба баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи шоири шинохтаи туркман Махтумқулӣ баррасӣ гардид.

Апрель 20, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад