Баскетболбозони Донишкадаи политехникӣ- ғолиби спартакиада
Хуҷанд, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон спартакиадаи донишҷӯён аз рӯи намудҳои варзишии бокс, футбол, волейбол, баскетбол ва гӯштин идома дорад.
Дастаи баскетболбозони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи намуди баскетбол бар ҳамаи рақибони худ пирӯз шуда, ғолиби спартакиада гардид. Зинаҳои баъдиро дастаҳои Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соҳиб шуданд.
Чанд рӯз қабл варзишгарони ин донишкада аз рӯи намуди волейбол ҷойи сеюмро миёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус соҳиб шуданд.
Спартакиада аз рӯи дигар намудҳои варзишӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи баскетболбозони донишкада соли гузашта дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ мақоми сеюмро касб карда буд.
Дар ин бора Абдусабур Абдуваҳҳобов, котиби матбуотии ДПДТТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






