Боздошти шаҳрванди Афғонистон барои интиқоли арзиши таърихию фарҳангӣ

Апрель 4, 2016 09:21

Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гулбиддини Муҳобиддин шаҳрванди Давлати Исломии Афғонистон аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик дар дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон бо далели интиқоли ғайриқонунии молу ашёи хусусияти таърихию фарҳангии миллӣ дошта боздошт гардид.
Ин шаҳрванди Афғонистон мехост 12 матои дастӣ гулдӯзишударо /болопӯши болиштҳо/, ки арзиши таърихию фарҳангӣ доранд, бидуни санадҳои зарурӣ ва иҷозатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол диҳад. Аммо ин амали ӯро гумрукчиёни тоҷик ошкор ва пешгирӣ карданд. Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванди Афғонистон парвандаи маъмурӣ боз гардидааст.

Апрель 4, 2016 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе