Бозии дӯстонаи «Истиқлол» ва тими «ВМКБ» дар Хоруғ

Апрель 7, 2016 11:01

Хоруғ, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ихтисос додани 70 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳалӣ ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дастур дод, ки дар зудтарин фурсат майдони футболи варзишгоҳи марказӣ ва нишастгоҳи онро таъмиру таҷдид намуда, ба бозии дӯстонаи тими «Истиқлол» ва дастаи мунтахаби «ВМКБ» омода намоянд.
Дар назар аст, ки футболбозони дастаи мунтахаби кишвар 18 апрел зимни як дидору гуфтугӯ бо мухлисони худ ҳамчунин бо тими мунтахаби вилоят бозии дӯстона баргузор мекунанд. Ин ва дигар чорабиниҳои варзишӣ мутобиқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз нимаи дуввуми моҳи апрел оғоз мегарданд ва то нимаи дуюми моҳи июн идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ду даста бори дуюм аст, ки бо ҳам рақобат мекунанд. Дар вохӯрии гузашта дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3 бар 0 тими «ВМКБ»- ро шикаст дода буд.

Апрель 7, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад