CASA -1000: марҳилаи нави ҳамкории судманд

Апрель 27, 2016 13:39

Душанбе, 27.04.2016/АМИТ «Ховар»/. «CASA -1000:  марҳилаи  нави ҳамкориҳои судманд»-  таҳти  чунин ном дар матбааи «Балоғат»  рисола  мунташир гардид. Рисолаи мазкур  бо пешниҳоди  раиси Ширкати  саҳомии холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик»  Мирзо  Исмоилзода  рӯи чоп омада,  Нозир Ёдгорӣ,  сардори  хадамоти матбуоти ширкати «Барқи Тоҷик»  мураттиби рисола мебошад.
Дар рисола  мураттиб доир ба  лоиҳаи бузурги минтақавӣ «CASA- 1000», хусусан аҳамияти он барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои  минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ  маълумоти  мукаммал  пешниҳод намудааст.
Рисола бо теъдоди зиёд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир гардидааст. Нашри  рисолаи мазкур дар ҳолест, ки   12 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расмии  татбиқи ин лоиҳаи бузурги  энергетикӣ баргузор мегардад ва дар он иштироки сарони кишварҳои шарики ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ —Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар назар аст.

Апрель 27, 2016 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик