Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз меёбад
Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо бозии байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз меёбад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мавсими соли 2016, ки маротибаи 25-ум гузаронида мешавад, дар мусобиқот 10 даста ширкат меварзанд. Дар рақобатҳои даври аввал ба ғайр аз “Истиқлол” ва “Парвоз”, инчунин “Регар ТадАЗ”бо КМВА “Помир” ва”Хуҷанд” бо “Вахш”( 9 апрел) ва “Хайр” бо “Равшан”(10 апрел) вориди майдон мешаванд. Оғози бозиҳо соати-16.
Тавре пештар хабар дода будем, аз сабаби ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан дастаи “Далерон-Уротеппа”, соҳиби медалҳои биринҷии мавсими футболи соли 2014 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа даст кашид.
“Ҳосилот”-и Фархор ягона дастае мебошад, ки аз лигаи якум ба лигаи олӣ гузаштааст.








Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад






