Дар арафаи 25- солагии Истиқлолият беморхонаи нав барои беморони сил ба истифода дода мешавад

Апрель 1, 2016 10:54

Душанбе, 1.04.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи нав барои беморони сил бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода мешавад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Олмон моҳи июни соли 2014 дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони беморхонаи нав барои беморони сил оғоз шуда, ҳоло дар арафаи анҷомёбист.
Ба иттилои сардухтури маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил дар вилояти Суғд Даврон Мадаминов беморхона аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, барои сохтмони он аз тарафи Бонки Рушди Олмон 27 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин барои корҳои ободонӣ дар атрофи беморхона аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 1 млн. сомонӣ ҷудо шуда буд.
Пас аз фаъол шудани беморхона дар он 27 мутахассис бо ҷои кор таъмин хоҳад шуд.

Апрель 1, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон