Дар арафаи 25-солагии Истиқлолият корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 ва омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрел зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки маҷмўи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз 68 адад иборат аст. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи усули “Равзанаи ягона” то 1 апрели соли 2016 дар миқёси ҷумҳурӣ 280 415 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда бақайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 1792 адад шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 2694,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015 мутаносибан 78 адад шартнома ва 854,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 3,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 421,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Оид ба омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҷашни бузурги миллӣ дар моҳҳои наздик бо ҷалби сармояи мустақим корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна, корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим ба истифода дода мешаванд.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






