Дар Данғара Қасри фарҳанг бунёд гардид
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дирексияи сохтмони ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Қасри фарҳанг бунёд намуд, ки барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора Шариф Эмомов, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дода, зикр намуд, ки бинои Қасри фарҳанг дар рӯзи таҷлили ҷашни сарнавиштсози миллат — 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
— Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия шумораи муассисаҳои фарҳангӣ сол то сол меафзояд, аз ҷумла то имрӯз 13 муассисаи толорӣ, 28 китобхонаи оммавию бачагона, 2 мактаби санъати бачагона ва ансамбли тарона ва рақси «Садбарг» ба мардум хизмат мерасонанд ва ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ биноҳои Қасри фарҳанг дар деҳаҳои Гулистон, Хоҷа Шақиқи Балхӣ ва Пушинг таъмир гардида, мавриди истифодаи ҳунармандон қарор дода шуданд, — афзуд Ш. Эмомов.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






