Дар Гулистон ба маблағи 384 млн. 617,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар се моҳи аввали соли равон саноатчиёни шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба маблағи 384 млн. 617,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 113 млн. 542,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот ба 141,9 фоиз баробар мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ 2361 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо соли сипаригардида 565 сомонӣ афзудааст.
Дар семоҳаи аввал 29 корхонаи саноатии шаҳр фаъолият ва аз онҳо 14 корхона пешравии истеҳсолиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 118,3 фоиз то 259,4 фоиз таъмин намуданд.
ҶМ ТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой», «Зарфишон», «Фаровон», «Хубон», «Чархи гандумин» ва ҶСК «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






