Дар КМО масъалаҳои рушди бадминтон дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии (КМО) Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев бо мураббии байналмилалӣ, масъули рушди Ташкилоти «Бадминтони Осиё» Сэмбэтан Сиваперумал мулоқот анҷом дод.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди бадминтон дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар доираи Барномаи «Вақти волан»-и Ташкилоти «Бадминтони Осиё» барои солҳои 2015-2018 ҳамасола ба Федератсияи бадминтони Тоҷикистон лавозимоти варзишӣ, аз қабили ракетка, волан ва тӯри бадминтон ройгон ҷудо карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ду сол инҷониб, яъне 8-20 сентябри соли 2015 ва аз 20 март то 8 апрели соли 2016 дар доираи Барномаи «Вақти волан» давраҳои омӯзишӣ бо иштироки Сэмбэтан Сиваперумал, мураббии байналмилалӣ, масъули рушди Ташкилоти «Бадминтони Осиё», дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Рашт ва Ҳисор баргузор гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз ҳазор ширкаткунанда, аз он ҷумла мураббиён, муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ, варзишгарон, донишҷӯён ва хонандагон фаро гирифта шуданд.
Баъди анҷоми давраҳои омӯзишӣ ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои дар чорабинӣ ширкатварзида барои таъсиси клуб, гурӯҳ ё маҳфилҳои варзишии бадминтон, миқдори муайяни лавозимоти варзишӣ ҷудо карда шуд.
Омӯзиши рафти истифодаи лавозимоти ҷудогардида нишон дод, ки то имрӯз дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳо ва маҳфилҳои бадминтон таъсис дода шудаанд.
«Аз таҳлилу омўзиши ҷараёни инкишофи бадминтон дар шаҳру ноҳияҳо маълум гардид, ки раванди ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди олимпии варзиш дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ин пеш аз ҳама ба якчанд омилҳо, аз ҷумла надоштани донишу малака оид ба бадминтон ва нарасидани лавозимоти варзишӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди инкишофи ин намуди варзиш Федератсияи бадминтони Тоҷикистон муносибатҳои судмандро бо Федератсияи байналмилалии бадминтон ва Конфедератсияи осиёгии бадминтон густариш дода, аз имконият ва захираҳои барномавии ин ташкилотҳо истифода менамояд”, — хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.








12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид






