Дар Спитамен мактаби нав бунёд гардид

Апрель 27, 2016 15:13

Душанбе, 27.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳраки Ҷомии ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактаби нав бо маблағи  2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Мактаби №32  аз як ошёнаву   ҳашт синфхона иборат буда,  барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби нав дорои шароити зарурии таҳсил, аз қабили синфхонаҳои муҷаҳҳаз, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, ошхона ва майдони варзишӣ буда, дар он хонандагон ба маҳфили рӯзгордорӣ низ фаро гирифта мешаванд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят  зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен дар маросими ифтитоҳи   ин муассисаи таълимӣ  иштирок  намуда,  зикр кард,  ки дар мактаби нав на танҳо хонандагон аз  шаҳраки Ҷомӣ, балки толибилмони деҳаҳои атроф низ бо истифода аз шароити мусоиди замонавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, — хабар доданд аз  Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд.
-Дар ин мавзеи наздисарҳадӣ, ки асосан сокинони узбекзабон зиндагӣ мекунанд ва  дар мавриди бо барномаи давлатии таълимӣ пурра фарогир будан мушкил доштанд, бунёди мактаби нав  тақозои замон аст, — тақвият дод манбаъ.

Апрель 27, 2016 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик