Дар Суғд ба иштирокдорони ҶДҶ ва фидокорони ақибгоҳ кумак мерасонанд

Апрель 27, 2016 15:19

Душанбе, 27.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст  ба муносибати 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба иштирокдорону маъюбони он ва ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо ба маблағи 1000 сомонӣ кумакпулии яквақта расонанд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар дода, зикр намуданд, ки ҳамзамон ба шахсоне, ки дар давраи ҷанг дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на камтар  аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо  медалҳо  сарфароз гардидаанд, ба маблағи 800 сомонӣ кумакпулии яквақта расонида мешавад.

Апрель 27, 2016 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик