Дар Суғду Хатлон наздик ба 24 кг маводи нашъаовар мусодира шуд

Апрель 19, 2016 12:08

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд.
Ҳангоми кофтукови шаҳрвандон ва манзили истиқоматиашон аз онҳо 8 кг 102 гр ҳашиш ва 86 гр героин дарёфт намуданд.
Инчунин кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як нафар сокини шаҳри Исфараро дастгир карда, ҳангоми кофтуков аз ӯ 15 кг 645 гр маводи ҳашиш мусодира намуданд.
Дастгиршуда соли 2010 барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст.
Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Апрель 19, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд