Давраҳои омӯзишии зидди допинг дар Душанбе
Душанбе, 1.04.2016 (АМИТ «Ховар»).- 31 март дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давраҳои омӯзишии зидди допинг аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ шурӯъ шуданд, ки то 3 апрел идома хоҳанд кард.
Тавре ки Хадамоти иттилоотии КМО ҶТ хабар медиҳад, ба давраи бозомӯзӣ мудири кулли КМО ва раҳбари Ташкилоти зиддидопингии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев ва корманди КМО Екатерина Айриян раҳбарӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали машғулиятҳои назариявӣ 20 роҳбару намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, инчунин кормандони КМО Тоҷикистон ширкат карданд.
Давраҳои омӯзиширо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ифтитоҳ намуд ва ба ширкаткунандагони машғулиятҳо барори кор орзу намуд.
«Ҳадаф аз баргузории давраҳои бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, такмили дониши ширкаткунандагон, ошно кардани онҳо бо Кодекси байналмилалии зидди допинг ва рӯйхати маводи мамнӯи тавонбахш барои варзишгарон мебошад, — иброз дошт Муҳаммадшо Абдуллоев.
Баъдан дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи варзиши сабуки кишвар Дилшод Назаров дар мавзӯи «Допинг дар варзиш маърӯза кард.
Инчунин ширкаткунандагони давраҳои омӯзишӣ маърӯзаи раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифовро дар мавзӯи «Допинг ва инъикоси он дар васоити ахбори омма шуниданд.
Дар охири машғулиятҳо ба ширкаткунандагони давраҳои бозомӯзӣ сертификатҳои Ҳамбастагии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида хоҳанд шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






