Донишҷӯдухтарони ДМИТ- ғолиби озмуни «Гуларӯс»
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли оила аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни телевизионии «Гуларӯс», ки тӯли як сол ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон миёни ҷавондухтарон баргузор мегардид, 26 апрел дар тарабхонаи «Осмон» ҷамъбаст ва ғолибон эълон гардиданд.
Мақсад аз баргузории ин озмун омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона буд.
Тавре аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд, ҳафт нафар донишҷӯдухтари донишкада низ дар ин озмун иштирок карда, чор нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ба ғолибони озмун туҳфаҳо ва дипломҳоро аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






