Доварон муҷозот шуданд
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи доварони Федератсияи футболи кишвар вобаста ба доварон ва нозирони мусобиқоти Лигаи олии мамлакат як қатор таҳримоти худро содир кард. Дар натиҷа ду довар ва ду нозири бозиҳо аз фаъолият дар ду вохӯрии минбаъда дар Лигаи олӣ дур карда шуданд.
Бино ба иттилои Алишер Урунов, менеҷери ФФТ, ки дар ин ҷаласа раисӣ кард, довар Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак дар вохӯрии байни дастаҳои КМВА “Помир” ва “Хуҷанд” дар ду маврид ба хатоӣ роҳ дод, ки он ба натиҷаи бозӣ таъсири амиқ расонд.
Ёвари довари вохӯрии байни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Барқчӣ” Исмоил Нуралиев ҳам ба иштибоҳ роҳ додааст.
Баъди тамошои наворҳои ин вохӯриҳо Кумита ба хулоса омад, ки Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиевро аз ҳаққи иштирок дар ду бозӣ маҳрум кунад.
Нозирони вохӯрии байни дастаҳои “Ҳосилот” ва “Барқчӣ”, инчунин “Парвоз” ва “Регар ТадАЗ” Насриддин Азизов ва Аюбҷон Солиев низ барои дуруст ташкил накардани бозӣ ва ба беаҳамияти роҳ додан аз нозирии ду вохӯрӣ дар канор шуданд.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






