Футболбозони навраси тоҷик «Пахтакор»-и Тошкандро мағлуб намуданд

Апрель 6, 2016 15:56

Душанбе, 6.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаи Нурлан Каппаров бо иштироки дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши Тоҷикистон , «Зенит» (Санкт-Петербург), «Динамо» (Тифлис), «Пахтакор» (Тошканд), Академияи «Онтустик» (Чимкент) ва «Жас киран» (Алмаато), ҷамъ шаш даста ба поён расид. Футболбозони мо таҳти роҳбарии мураббиашон Сафаралӣ Раҳмонов бар дастаи «Динамо» бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омада, аз Академияи «Онтустик» бо ҳамин натиҷа мағлуб шуданд ва ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳарифи навбатии футболбозони навраси Тоҷикистон «Пахтакор»-и Тошканд буд ва ин дастаро низ футболбозони мо бо нишондоди 1 бар 0 мағлуб карда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар зӯрозмоии финалӣ «Зенит» (Санкт-Петербург) футболбозони моро имтиҳон карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз гардид ва дар натиҷа Тоҷикистон мақоми ифтихории дуввумро касб кард.
Зинаи сеюмро баъди ғалабааш бар «Динамо» дастаи «Пахтакор»соҳиб шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дарвозабони Мактаби маҳорати олии варзиши Тоҷикистон Мурод Муродов беҳтарин дарвозабон ва мурабии даста Сафаралӣ Раҳмонов мурабии беҳтарини мусобиқа эълон гардида, бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида шуданд.

Апрель 6, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд