Ховалинг: Ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолият
Ховалинг, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ду иншооти тандурустӣ сохта, як иншооти дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорчӯбаи барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар арафаи Истиқлолият» дар маркази деҳаи Садбарго бунгоҳи нави тиббӣ мавриди истифода гирифт.
Давоми 10 соли охир вазъи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба ин самт равона шудааст. Ба иттилои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, мушкилот танҳо дар самти норасоии мутахассисони баландихтисос ба чашм мерасад, ки дар моҳҳои наздик ин камбудӣ бартараф карда мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






